БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД

БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД
фото показано с : tajmigration.ru

2025-3-5 17:32

Дар масҷиди шаҳри Братски вилояти Иркутск бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ вобаста ба қонунигардонии шаҳрвандон дар кишвари иқомат вохӯрии масъулини Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират баргузор гардид.


Зимни вохӯрии масъулини Намояндагӣ зарурати фаъолият дар доираи қонунгузории кишвари иқомат, фаъолияти меҳнатии қонунӣ ва риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ фаҳмонида шуда, ба саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби шаҳрвандон посухҳои мушаххас гаронида шуд.
Зикр гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагӣ ҷиҳати гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон муроҷиат намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, 1126 барои қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвари иқомат шароит фароҳам оварда, муҳоҷирони меҳнатие, ки ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат будубош менамоянд, метавонанд, ки фаъолияти худро расмӣ намоянд.
Ҳамзамон, зимни вохурӣ вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихории миллии ҷавонон, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон суханронӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароии динӣ ва экстремистиву террористӣ худдорӣ намоянд.
Мулоқоту вохӯриҳои масъулини намояндагӣ дар дигар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ба роҳ монда мешавад. [/justify].

Подробнее читайте на ...

1203 1251 1179 1207 дар 1202 кишвари нат

Фото: tajmigration.ru

ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА ВИЛОЯТИ НИЖНИЙ НОВГОРОД БАРРАСӢ ГАРДИД

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Нижний Новгород масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамроҳ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич бо муовини директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижний Новгород Александр Пушкин ва директори департаменти равобити хориҷии Палата Олга Акимова мулоқот намуданд. tajmigration.ru »

2025-02-18 16:10

Фото: tajmigration.ru

Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафарро ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиети гирифтани изи ангушт) мегузаранд. tajmigration.ru »

2024-12-04 16:44