ШИНОСНОМАИ ГУМШУДАРО ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БАРҚАРОР КАРД?

ШИНОСНОМАИ  ГУМШУДАРО ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БАРҚАРОР КАРД?
фото показано с : tajmigration.ru

2025-4-1 12:13

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бинобар муроҷиати зиед ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият - шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони барқарор намудани он вуҷуд дорад.



Нахуст, барои расман ба қайд гирифтани ҳолати гумшудани ҳуҷҷатҳо шаҳрвандро зарур аст, ки ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ рафта, ба номи мақомот ариза дар бораи гум шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрванди хориҷӣ пешниҳод намояд. Аз ҷониби мақомот ба шаҳрванди хориҷӣ маълумотнома (талон) дар бораи пешниҳод кардани ариза медиҳанд. Пас аз навиштани ариза дар бораи гум шудани ҳуҷҷатҳо ба Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеренбург муроҷиат намуда, барои гум шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ариза пешниҳод менамояд.
Пас аз навиштани ариза аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор дар ин самт шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайян омода карда шуда, ба шаҳрванд дастрас карда мешавад.
МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС: Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Суроға:121069, Москва, Скатертный переулок, бинои 19
Моб: +7 (985) 740 02 - 12 ,
E-mail:consulate. moscow@mfa. tj
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург
Тел: +7 (812) 490-47-46
E-mail: tajgencons. piter@mfa. tj
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Уфа
Тел: +7 (347) 276-52-96 ,
E-mail: tajconsufa@mfa. tj
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург
Тел: (+343) 370-23-60,
Е-mail: tajconsek@mfa. tj
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Новосибирск
Тел: +7 383 305 4461 , +7 383 305 4463 , +7 383 316 28 50 , 8 +7 800 350 65 65
E-mail: tajgencons. nsk@mfa. tj

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат кунанд.
Телефонҳо барои тамос: +7(495) 967-98-44; +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp)
Е-mail: prmstj@mail. ru.

Подробнее читайте на ...

1203 1207 дар икистон урии 1206 1179 консулгарии

Эълони ҷойи кори холӣ дар ҶДММ Хонаи савдои Гранит (ООО Торговый Дом Гранит)

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ООО Торговый Дом Гранит, ки дар самти истеҳсоли сангҳои роҳрав, тахтасанг ва дигар маҳсулотҳо аз санги хоро (гранит) фаъолият менамояд, кормандонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар вилояти Свердловск даъват менамояд. tajmigration.ru »

2025-03-07 13:25

Фото: tajmigration.ru

ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА ВИЛОЯТИ НИЖНИЙ НОВГОРОД БАРРАСӢ ГАРДИД

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Нижний Новгород масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамроҳ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич бо муовини директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижний Новгород Александр Пушкин ва директори департаменти равобити хориҷии Палата Олга Акимова мулоқот намуданд. tajmigration.ru »

2025-02-18 16:10

Фото: tajmigration.ru

Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафарро ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиети гирифтани изи ангушт) мегузаранд. tajmigration.ru »

2024-12-04 16:44