Эълони ҷойи кори холӣ дар ҶДММ Хонаи савдои Гранит (ООО Торговый Дом Гранит)

2025-3-7 13:25

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ООО Торговый Дом Гранит, ки дар самти истеҳсоли сангҳои роҳрав, тахтасанг ва дигар маҳсулотҳо аз санги хоро (гранит) фаъолият менамояд, кормандонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар вилояти Свердловск даъват менамояд.



Ширкати мазкур тӯли 10 соли фаъолият дар бозори санги табиии Россия, ҳамчун таъминкунандаи боэътимоди маҳсулоти санги хоро (гранит) обрӯ пайдо кардааст.

Вобаста ба васеъ шудани ҳаҷми талабот ва норасоии кормандон, ширкат барои иҷрои корҳо дар дастгоҳҳои сангбурӣ дархости коргар аз Тоҷикистон намудааст.

Музди меҳнат аз 95 000 рубл ба боло, 6 рӯзи корӣ дар як ҳафта ва 10 соат реҷаи корӣ (1 соат барои хӯроки нисфирӯзӣ) ташкил медиҳад.

Хароҷотҳои вобаста ба ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла бақадгирии муҳоҷиратӣ, маблағи моҳонаи патент, ҷойи хоб ва таъмини либоси махсуси кориро корфармо ба ӯҳдаи худ мегирад.

Довталабони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос:

+7 (922) 201-76-46 Одиссей;

+7 (922) 679-51-00 Александр.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед. .

Подробнее читайте на ...

1203 1207 дар 1251 1263 гранит ират нат

Фото: tajmigration.ru

Эълони ҷойи кори холӣ дар ҶДММ ТК-СПЕЦХИМ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ҶДММ ТК-СПЕЦХИМ, кормандонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар вилояти Москва, шаҳри Балашиха даъват менамояд. tajmigration.ru »

2025-06-09 15:20

Фото: tajmigration.ru

РАВАНДИ БАРАСМИЯТДОРИИ БУДУБОШИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР РОССИЯ ИДОМА ДОРАД

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти 272 вобаста ба ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, 1126, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуда, барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои будубош доранд идома дорад. tajmigration.ru »

2025-05-11 21:11

Фото: tajmigration.ru

ШИНОСНОМАИ ГУМШУДАРО ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БАРҚАРОР КАРД?

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бинобар муроҷиати зиед ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият - шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони барқарор намудани он вуҷуд дорад. tajmigration.ru »

2025-03-31 12:13

Фото: tajmigration.ru

ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА ВИЛОЯТИ НИЖНИЙ НОВГОРОД БАРРАСӢ ГАРДИД

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Нижний Новгород масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамроҳ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич бо муовини директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижний Новгород Александр Пушкин ва директори департаменти равобити хориҷии Палата Олга Акимова мулоқот намуданд. tajmigration.ru »

2025-02-18 16:10

Фото: tajmigration.ru

Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафарро ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиети гирифтани изи ангушт) мегузаранд. tajmigration.ru »

2024-12-04 16:44