Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
фото показано с : tajmigration.ru

2024-12-4 16:44

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафарро ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиети гирифтани изи ангушт) мегузаранд.



Мувофиқи қарори Ҳукумати Россия аз 7 ноябри соли 2024, 1510 дар Россия озмоиши ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳангоми ворид шудан ва баромадан аз кишвар гузаронида мешавад.

Дар марҳилаи аввали озмоиш, аз 1 декабри соли 2024 то 30 июни соли 2026, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии в. Москва (Домодедово, Шереметево, Внуково ва Жуковский), инчунин тавассути убури марз аз нуқтаи гузаргоҳи автомобилии Маштаково-и вилояти Оренбург меоянд, вазифадоранд маълумоти биометрӣ ва тасвири чеҳраҳояшонро ба қайд бигиранд.

Дар марҳилаи дуюм, аз 30 июни соли 2025 то 30 июни соли 2026, озмоиш ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Россияро фаро мегирад. Дар ин давра барои ҳар як шаҳрванди хориҷии воридшаванда профили рақамӣ ташкил карда мешавад.

Инчунин профилро мустақилона дар барномаи RuID ташкил додан имкон дорад. Он ба хидматрасониҳои рақамии дигар монанд хоҳад буд ва имкони хабар додан дар бораи ташрифот ва гирифтани хидматрасониҳои гуногунро дар қаламрави Россия пешниҳод мекунад (масалан, суғуртаи тиббӣ, барасмиятдарории сим-корти мобилӣ, гирифтани навбат дар идораҳои ВКД ФР оид ба муҳоҷират).

Профили рақамӣ ба як қатор системаҳои давлатӣ, аз ҷумла Госуслуги ворид карда мешавад.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар марҳилаи дуюм, яъне аз 30. 06. 2025 то 30. 06. 2026 нияти сафар ба Россияро доранд, бояд 72 соат қабл аз сафар ба Россия, бо истифода аз барномаи мобилии портали ягона дар системаи ягонаи идентификатсия ва аутентификатсия сабти ном карда шаванд ва бо истифода аз портали ягонаи мобилӣ дар шакли электронӣ ариза бобати ворид шудан ба Россия ва дар Россия будан (зиндагӣ кардан) -ро пешниҳод намоянд.

Бояд қайд кард, ки ин навоварӣ барои баланд бардоштани сатҳи амнияти соҳаи муҳоҷират равона гардидааст.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии WhatsApp +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;

5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. .

Подробнее читайте на ...

1203 1207 1251 1179 дар россия 1202 федералии