
2025-2-25 12:24 |
Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии техникии автомобилсозӣ ва роҳсозии шаҳри Москва мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар мавзӯи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 33 соли Истиқлолият, таблиғи худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон маълумот манзур гардид. Дастгирии доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон, ба вежа таъкид гардид.
Масъулини Намояндагӣ вобаста ба тағйиротҳои қонунгузории Федератсияи Россия ва риоя намудани талаботҳои он, омӯзиши забону фарҳанг ва эҳтиром ба арзишҳои миллии кишвари иқомат, роҳҳои паст намудани шиддати ҷинояткорӣ дар миёни шаҳрвандон, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз гуруҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ, самаранок истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ифтихори шаҳрвандон дар хориҷи кишвар суханронӣ намуд.
Инчунин, кормандони Сафорат роҷеъ ба вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, эълон гардидани солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд. .
Подробнее читайте на tajmigration.ru ...