
2025-2-27 13:03 |
Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Новосибирск бо гуруҳи муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар корхонаи нонпазии ҶС Хлебокомбинат Инской фаъолият менамоянд, вохӯрии судманд доир намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур зиёда аз 120 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намуда истодаанд, ки барояшон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.
Зимни мулоқот масъулини Намояндагӣ вобаста ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, расман фаъолият намудан ва ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, танзими ҳуҷҷатҳои будубош, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самтро ба самъи иштирокчиёни вохӯрӣ расониданд.
Зикр гардид, ки фаъолияти қонунӣ дар кишвари иқомат барои ҳар шаҳрванди хориҷӣ кафолати меҳнатӣ дода, дар ҳолати сар задани ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот корфармо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои он тадбирҳо меандешанд.
Таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки аз гуруҳҳои манфиатҷӯ ва ифротгарову хурофотпараст дурӣ ҷуста, шабакаҳои иҷтимоиро самаранок истифода намуда, берун аз фаъолияти меҳнатӣ ба китохонаҳо, театрҳо ва осорхонаҳо, ки ба ҷаҳонбинии ҳар шаҳрванд замина мегузоранд рафта, ба омӯзиш машғул шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, 1126 ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари иқомат бе ҳуҷҷати расмӣ фаъолият доранд, метавонанд дар асоси он то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошашонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд.
Аз ҷониби шаҳрвандон вобаста ба самти муҳоҷират саволҳо пешниҳод гардида, масъулин ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас гардониданд.
.
Подробнее читайте на tajmigration.ru ...