Вохӯрӣ бо муовини роҳбари Дастгоҳи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия

Вохӯрӣ бо муовини роҳбари Дастгоҳи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия
фото показано с : tajmigration.ru

2025-2-20 17:37

18 феврали соли 2025 вохӯрии роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия - Азимӣ Д.

А. , дар якҷоягӣ бо масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо Футо Сергей Романович - муовини роҳбари дастгоҳи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар самти расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилоти онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Намояндагӣ омодагии худро ҷиҳати мусоидат дар рушди ҳамкориҳо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия, инчунин амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак изҳор намуд.
Муовини роҳбари дастгоҳи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия изҳор дошт, ки барои ҳалли масоили марбут ба риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, мусоидат хоҳад кард.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
.

Подробнее читайте на ...

1203 1179 1207 1251 дар россия 1263 оид

Фото: tajmigration.ru

ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА ВИЛОЯТИ НИЖНИЙ НОВГОРОД БАРРАСӢ ГАРДИД

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Нижний Новгород масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамроҳ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич бо муовини директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижний Новгород Александр Пушкин ва директори департаменти равобити хориҷии Палата Олга Акимова мулоқот намуданд. tajmigration.ru »

2025-02-18 16:10

Фото: tajmigration.ru

Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафарро ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиети гирифтани изи ангушт) мегузаранд. tajmigration.ru »

2024-12-04 16:44