Новости


Курсҳои онлайнии мутобиқшуда барои омӯзиши мустақили забони русӣ

Намояндаӣ иттилоъ медиҳад, ки Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия бо мақсади омодагии шаҳрвандони хориҷӣ барои супоридани имтиҳони забони русӣ, маълумот дар бораи курсҳои онлайнии мутобиқшуда барои омӯзиши мустақили забони русӣ ва супоридани тести озмоиширо пешниҳод намудааст.

БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД

Дар масҷиди шаҳри Братски вилояти Иркутск бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ вобаста ба қонунигардонии шаҳрвандон дар кишвари иқомат вохӯрии масъулини Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират баргузор гардид.

ДАР НОВОСИБИРСК БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД

Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Новосибирск бо гуруҳи муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар корхонаи нонпазии ҶС Хлебокомбинат Инской фаъолият менамоянд, вохӯрии судманд доир намуд.

Лучшее

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии техникии автомобилсозӣ ва роҳсозии Москва (МАДИ)

Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии техникии автомобилсозӣ ва роҳсозии шаҳри Москва мулоқот намуданд.

Вниманию граждан РеспубликиТаджикистан

Выборы депутатов Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики ТаджикистанПосольство Республики Таджикистан в Российской Федерации доводит до сведения граждан Республики Таджикистанпроживающих на территории Российской Федерации, что выборы депутатов Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан состоятся 2 марта 2025 года с 06:00 до 18:00 по местному времени в зданииПосольства по адресу город Москва, станция метро Баррикадная, Гранатный переулок 13.

Актуальное

Эълони ҷойи кори холӣ дар ҶДММ ТК-СПЕЦХИМ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ҶДММ ТК-СПЕЦХИМ, кормандонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар вилояти Москва, шаҳри Балашиха даъват менамояд.

РАВАНДИ БАРАСМИЯТДОРИИ БУДУБОШИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР РОССИЯ ИДОМА ДОРАД

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти 272 вобаста ба ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, 1126, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуда, барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои будубош доранд идома дорад.

ШИНОСНОМАИ ГУМШУДАРО ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БАРҚАРОР КАРД?

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бинобар муроҷиати зиед ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият - шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони барқарор намудани он вуҷуд дорад.

Реестр контролируемых лиц

Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по вопросам миграции сообщает, что с 5 февраля текущего года начал функционировать реестр контролируемых лиц.

Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафарро ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиети гирифтани изи ангушт) мегузаранд.

Поздравление с Днем Государственного флага Российской Федерации

Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции, от всей души поздравляет всех россиян с Днем Государственного флага Российской Федерации.