Результатов: 8

ШИНОСНОМАИ ГУМШУДАРО ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БАРҚАРОР КАРД?

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бинобар муроҷиати зиед ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият - шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони барқарор намудани он вуҷуд дорад. tajmigration.ru »

2025-4-1 12:13

Эълони ҷойи кори холӣ дар ҶДММ Хонаи савдои Гранит (ООО Торговый Дом Гранит)

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ООО Торговый Дом Гранит, ки дар самти истеҳсоли сангҳои роҳрав, тахтасанг ва дигар маҳсулотҳо аз санги хоро (гранит) фаъолият менамояд, кормандонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар вилояти Свердловск даъват менамояд. tajmigration.ru »

2025-3-7 13:25

БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД

Дар масҷиди шаҳри Братски вилояти Иркутск бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ вобаста ба қонунигардонии шаҳрвандон дар кишвари иқомат вохӯрии масъулини Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират баргузор гардид. tajmigration.ru »

2025-3-5 17:32

ДАР НОВОСИБИРСК БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД

Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Новосибирск бо гуруҳи муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар корхонаи нонпазии ҶС Хлебокомбинат Инской фаъолият менамоянд, вохӯрии судманд доир намуд. tajmigration.ru »

2025-2-27 13:03

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии техникии автомобилсозӣ ва роҳсозии Москва (МАДИ)

Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии техникии автомобилсозӣ ва роҳсозии шаҳри Москва мулоқот намуданд. tajmigration.ru »

2025-2-25 12:24

Вохӯрӣ бо муовини роҳбари Дастгоҳи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Россия

18 феврали соли 2025 вохӯрии роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия - Азимӣ Д. tajmigration.ru »

2025-2-20 17:37

ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА ВИЛОЯТИ НИЖНИЙ НОВГОРОД БАРРАСӢ ГАРДИД

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Нижний Новгород масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамроҳ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич бо муовини директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижний Новгород Александр Пушкин ва директори департаменти равобити хориҷии Палата Олга Акимова мулоқот намуданд. tajmigration.ru »

2025-2-18 16:10

Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафарро ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиети гирифтани изи ангушт) мегузаранд. tajmigration.ru »

2024-12-4 16:44